“Дигар ишқ”-и Гулрухсори Сафӣ ва 66-солагии ӯ
Китоби нави Гулрухсори Сафӣ, шоираи шинохтаи тоҷик, бо номи “Дигар ишқ” барои чоп омада шуда, ба зудӣ ба матбаа хоҳад рафт. Ин хабарро шоираи тоҷик рӯзи 17 декабр, ҳангоми таҷлил аз ҷашни милодаш, ба “Озодагон” гуфт. Хонум Сафӣ имсол ба синни 66 қадам ниҳод.
Гулрухсор мегӯяд, ӯ дар рӯзи ҷашни зодрӯзаш ҳам мисли рӯзҳои дигар бо кор машғул буда, бо донишомӯзони мактаби рақами 64-и ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрие доштааст. Аммо ба гуфтаи шоираи тоҷик, ин рӯз бо чанд хусусияти хоссаш аз дигар рӯзҳо фарқ дорад: “Ин шаб ҳам, мисли шабҳои дигар хоб нарафтаам, ҳеч гоҳ ба мисли шаби гузашта пуркору пурилҳом, дилдодаю ошиқ набудам.”
Хонум Гулрухсор аз шоирони шинохтаи тоҷик аст, ки соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолободи пешина ва ҳоло Нуробод ба дунё омадааст. Вай дар солҳои 1989-1991 Депутати мардумии СССР ва узви Шӯрои олии СССР буд. Дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта сардабири маҷаллаи “Фарҳанг”-ро бар ӯҳда дошт. Аз соли 1998 то кунун раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон аст.
Гулрухсор муаллифи бештар аз 80 китоб буда, осораш бо чанде аз забонҳои дунё баргардон ва ба табъ расидаанд, ки “Занони сабзбаҳор”, “Зодрӯзи дард”, “Дар паноҳи сояи худ”, “Рӯзномаи берӯз”, “Зан ва ҷанг” “Таронаи Ватан” ва дигарон аз ҷумлаи онҳоянд. Романи “Сакарот”-и Гулрухсор, ки чор соли пеш нашр шуда, ба фурӯш баромад, дар як муддати кӯтоҳ маҳбубият пайдо намуд, вале пас аз чанде аз фурӯшгоҳҳо “ғайб” зад.