Шарифов: Барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ бояд шитоб накунем
Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, рӯзи 17 декабр дар як нишасти байналмилалӣ дар мавзӯи ҳамоиши Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон набояд барои шомилшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ шитоб кунад.
Шарифов изҳор дошт, қисми асосии буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба даст меояд ва бинобар ин саросемагӣ метавонад, пайомадҳои манфӣ дошта бошад: “Мо имкон дорем, воридшавии Қирғизистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ назорат кунему таҷриба гирем. Мо барои таҳияи ҳуҷҷатҳо, таъмини инфрасохтори зарурӣ чанд сол дорем. Бояд роҳҳои оҳан созем. Баъд аз ин имкон дорад, дар бораи натиҷаҳои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гап занем.”
Дар робита ба ин, Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни ин ҳамоиш таъкид кард, кишварҳои шарики Русия метавонанд ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шаванд ва Қирғизистонро мисол овард, ки ният дорад, расмиёти узвияташро дар Иттиҳоди гумрукӣ то миёнаҳои соли оянда ба итмом расонад. Дар пайи узвияти Қирғизистон Тоҷикистон низ метавонад, узви Иттиҳоди гумрукӣ гардад, чун яке аз шартҳои воридшавӣ ба ин Иттиҳод доштани марзи муштарак бо яке аз кишварҳои узв мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ният дорад, дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Иттиҳоди АвруОсиёро ташкил кунад, ки дар он ҳаракати мардум, сармоя ва мол миёни кишварҳои узв озод хоҳад буд.