Эмомалӣ Раҳмон хост, бозори такрории саҳмияҳо фаъол шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дигарбора дастур додааст, ки дар кишвар бозори такрории саҳмияҳо ва қоғазҳои қимматнок фаъол шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири Шӯрои машваратии назди президент оид ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ ба ин мавзӯъ дахл карда, ба Бонки миллӣ супориш дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода, ин мавзӯъро ҳамаҷониба таҳлил кунанд ва натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намоянд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи супориши қаблии президент ба Бонки Миллӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон бозори такрории саҳмияҳо бояд то охири соли 2010-ум фаъол мешуд, ки иҷро нагардид.