Филми коргардони тоҷик барандаи Ҷашнвораи байналмилалии синамо
Филми “Дар миёна”-и коргардони тоҷик Шарофат Арабова дар номгӯи “Беҳтарин филм”-и Савумин ҷашнвораи байналхалқии кишварҳои ИДМ, Балтик ва Гурҷистон “Қирғизистон макони филмҳои кӯтоҳҳаҷм” аввалин шудааст.
Ба иттилои “Азия-Плюс” ин филми кутоҳҳаҷм аз муҳоҷироне нақл мекунад, ки ба шаҳрҳои бузурги Ҳиндустон ҳиҷрат мекунанд ва ҳамаи онҳо дар ин кишвар “бегона”-ҳоянд, ки хушбахтиро меҷуянд.
Созмондиҳандаҳои ҷашнвораи синамо мегӯянд, ба ғолиби озмун рамзи ҷашнвора, диплом ва дар ҳаҷми 50 ҳазор сом, муодили 1,5 ҳазор доллар маблағи пулӣ тақдим мешавад.
Ба ҳайати доварони ҷашнвораи мазкур Рустам Аҳадов (Тоҷикистон), Темир Бирназаров (Қирғизистон), Иван Лопатин (Русия), Артур Веэбер (Эстония), Рубен Ерзинкян (Арманистон) шоимиланд. Раҳбарии комиссияи доваронро Лариса Садилова, коргардон ва сенариянависи рус бар душ дорад.
Шарофат Арабова фориғутаҳсили бахши фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон дар соли 2006 буда, то соли 2007 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Соли равон шӯъбаи коргардони телевизиони Донишкадаи Кино ва Телевизиони Ҳиндустонро хатм намуд.
Ӯ ҳамчунин аспиранти Шӯъбаи таърихи санъати Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, таърихи кинои тоҷикро пажуҳиш мекунад.
Акс аз торнамои "Азия-Плюс"