Барфрезӣ ҳаракат дар роҳҳои Душанберо мушкил кардааст (АКСУ ВИДЕО)
Дар пайи барфрезии шадид, ки субҳи имрӯз, 16-уми декабр, дар шаҳри Душанбе оғоз шуда, то ҳол идома дорад, ҳаракати воситаҳои нақлиёту мусофирон дар хиёбонҳои пойтахт мушкил шудааст. Ба гуфтаи обуҳавошиносон барфу борон дар аксари навоҳии Тоҷикистон то 18-уми декабр идома хоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол хабарнигори “Озодагон”, ки аз маркази Душанбе мегузашт, роҳбандиро дар кӯчаи Мирзо Турсунзода акс гирифт, ки инак пешниҳоди Шумо мекунем: