Модари Ҳамза: "Акнун ба назди хонаи президент меравем" (ВИДЕО)
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 16 декабр даъвои волидони Ҳамза Икромзодаро дар бораи рӯёндани даҳ миллион доллар ҷуброни зарари маънавӣ рад кард. Ҳамза Икромзода тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Наздиконаш бовар доранд, ки маъмурони зиндон ӯро куштаанд, вале Вазорати адлия мегӯяд, Икромзода худкушӣ кардааст.
Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло дақиқ нест, даъвои волидони Ҳамза Икромзода барои чӣ ва дар асоси кадом далел рад шудааст. “Бо дар назардошти он ки додрас (судя) танҳо қисми аввалу охири ҳалномаро хонд ва ин ҳуқуқи ӯст, ҳоло маълум нест, даъво дар кадом асос рад карда шудааст. Дар муддати панҷ рӯз ҳалномаи додгоҳ пурра омода мешавад. Мо онро хонда таҳлил мекунем ва баъд вобаста ба ин ҳолат шикояти кассатсионии худро ба додгоҳи шаҳри Душанбе пешниҳод хоҳем кард”,-афзуд ӯ.
Оқои Ёров дар идома гуфт, бо ин ҳол, аз радди даъвои волидони Ҳамза Икромзода дар шигифт уфтодааст ва ба ин фикр аст, ки дар кишвар қадри инсон камтар боқӣ мондааст. “Ман ҳамин хел мефаҳмам, ки инсонро азобу шиканҷа додан мумкин будааст. Дар ҳоле ки талаботи моддаи 5-и Қонуни асосии Тоҷикистон мегӯяд, инсон аз ҳама арзиши олист”,-гуфт Бузургмеҳр Ёров.
Ҳарчанд намояндагони додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар ин замина ҳарфе нагуфта, ҳалномаро низ шарҳ надоданд, вале модари Ҳамза Икромзода – Зулайхо Ҷӯраева ба “Озодагон” гуфт, аз ин тасмими додгоҳ розӣ нест ва мухолифи он эътироз хоҳад кард. Ӯ афзуд, “мо дар як коғази калон аксҳои писарамро ҷамъ овардаем. Ният дорем, бо тамоми падару модароне, ки фарзандонашон дар маҳбасхонаҳо ҳастанду таҳти фишору шиканҷа қарор доранд, ба назди манзили раисиҷумҳур биравем ва арзу додамонро бигӯем.”
Хонум Ҷӯраева аз он изҳори норизоӣ кард, ки бо гузашти як солу се моҳ аз замони фавти писараш дар зиндон ташхиси экспертизаро надидаанд. Дар ҳоле ки ба таъкиди ӯ, қаблан муфаттиши Додситонии кулл Икромиддин Қараев ба онҳо гуфтааст, ташхис 80 дарсад ба ҷониби хонаводаи Ҳамза Икромзода аст. “Вале баъд аз он, то ҳол, Икромиддин Қараев ба зангҳои телефони мо ҷавоб намедиҳад. Қонуншикан мақомоти давлатӣ ҳастанд ва раисиҷумҳур давлати Тоҷикистонро ҳамин мақомот паст задаанд. Мо дар ҳамин мурофиаи додгоҳӣ ташхиси писарамонро дидем, ки дар онҷо омадааст, гӯиё мағзи сари вай варам будааст. Чанд хулосаҳои дурӯғи дигарниз буд. То он рӯзе, ки зиндаам, мубориза хоҳам бурд”,-илова кард Зулайхо Ҷӯраева.
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, соли гузашта дар мсаҳбаси рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандони ӯ гуфтанд, ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар бадани ӯ изи дарзмол ва бандро пайдо кардаанд. Иддаое, ки мақомот онро рад карда, ҳатто Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳоӣ гуфта буд, “касе Ҳамзаро куштааст, Худо мезанадаш”.