Нақшаҳои Раҳмон барои соли 2014: Мекӯшем монеасозиҳо қатъ ва мардуми минтақа наздиктар шаванд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми декабр, дар мулоқот бо дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев, масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки соли 2014 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон дар соли раёсати худ ба масоили таҳким ва густариши имконоти ҳамлу нақл ва транзитии кишварҳои аъзо ва бартарафсозии монеаҳои мавҷуда дар ин самт кӯшиши бештар хоҳад дошт.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар ҳудуди ҷумҳурии мо чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва ғайра баргузор хоҳад шуд, ки ба наздикшавии мардумони кишварҳои аъзо ва нозири он мусоидат хоҳанд кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба масоили ташкили Бонки рушд ва Хазинаи рушди Созмони ҳамкории Шанхай, баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 зоҳир карда шуд.