Русия: Шаҳрванди Узбакистон дар “педофилия” муттаҳам мешавад
Як шаҳрванди Узбакистон дар вилояти Твери Русия бо иттиҳоми дастрозӣ ба номуси ноболиғ муттаҳам мешавад.
Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои Раёсати тафтишотии Твер навиштаанд, ин нафар, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ба сар мебурдааст, 22 августи соли равон се духтарчаи ноболиғро бо роҳи фиреб ба як анбор медарорад. “Баъдан ду духтарчаро иҷозаи берун шудан дода, дар нисбати ноболиғи дигар амалҳои шаҳвонӣ анҷом додааст”,-навиштаанд расонаҳо.
Гуфта мешавад, феълан парвандаи ҷиноӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)