Аз Тоҷикистон то Мағриб. Даъвати Ҷабҳаи Салафия ба гирдиҳамоӣ
Доктор Холид Саид, сухангӯи Ҷабҳаи Салафия, аз пайравони дини Ислом, аз ҷумла мусулмонони Тоҷикистон хостааст, зидди ҳукумати Бангладеш ба хотири эъдоми Мулло Абдулқодир даст ба тазоҳурот зананд. Мулло Абдулқодир яке аз раҳбарони Ҷамоати исломӣ ва мухолифи сарсахти ҳукумати феълии Бангладеш ба шумор меравад, ки чанде қабл ба иттиҳоми куштори садҳо мардуми осоишта дар ҷанги соли 1971-и ин кишвар эъдом (қатл) шуд.
Сухангӯи Ҷабҳаи Салафия, ки сабаби эъдом шудани Мулло Абдулқодирро танҳо ба фаъолиятҳои сиёсияш алайҳи ҳукумати Бангладеш медонад, дар саҳифаи худ дар Твиттер аз мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, даъват кардааст, ки дар эътироз ба эъдоми Мулло Абдулқодир даст ба гиридиҳамоӣ зананд.
Дар ин изҳороти Доктор Холид Саид аз ҷумла омадааст, “эй мардуми мусулмон, аз Тоҷикистон то Мағриб ва аз Индонезия то Нигерия, ба хотири ҳимоят аз хуни бародарони худ аз Ҷамоати исломӣ дар Бангладеш бо баргузории гирдиҳамоӣ эътироз намоед.”
Дар ҳоли ҳозир дар Бангладеш тазоҳуроти густурда алайҳи эъдоми Мулло Абдқлқодир идома дорад. Расонаҳо аз бархӯрди эътирозгарон бо пулис ва куштаву маҷрӯҳ шудани теъдоде аз онҳо хабар медиҳанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)