Президент: “Бештари шаҳрвандонро аз Сурия баргардондем”
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар дар шаҳри Бишкек гуруҳеро ошкор кардааст, ки ба фиреб ва ба Сурия фиристодани шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон машғул будаанд.
Ӯ, ки 16 декабр дар як нишасти матбуотӣ дар бустонсарои ҳукуматии “Ала-Арча” сухан мекард, ҳамчунин гуфтааст, “мо бештари шаҳрвандонамонро аз Сурия баргардондем. Ками дигар мондаанд”.