Шабдолов: “Чунин шакли ҳукуматдорӣ бақо нахоҳад дошт”
Парлумони Тоҷикистон рӯзи 16 декабр аъзои ҳукумати нави кишварро, ки аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаанд, тасдиқ кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аъзои ҳукумати навро барои оғози корашон табрик гуфт ва аз онҳо хост, дар ҳафт соли минбаъда нуктаҳои аслии барномаи пешазинтихоботии оқои Раҳмонро амалӣ намоянд.
Тамоми фармонҳои раисҷумҳур дар бораи барканории аъзои ҳукумати қаблӣ ва тасдиқи аъзои ҳукумати нав бидуни баҳсу саволгузорӣ аз тарафи вакилони ҳарду палатаи парлумон пазируфта шуд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, гуфт, бар хилофи дафъаҳои дигар, ин навбат, баъзе аз вазирони нав то 10 раъйи зид гирифтаанд, ки сигнале барои ҳукумати ҷадид мебошад.
Ба бовари Кабирӣ, овози зид гирифтани вазирон маънои онро дошт, ки натанҳо ҷомеа, балки Маҷлиси Олӣ ҳам мухолифи баъзе аз кадрҳо аст. “Дар ҳукумати қаблӣ 2-3 нафаре буданд, ки райъи мустақил доштанд ва ҳамчун шахсият дар ҷомеа матраҳ буданд. Аммо ба ҳукумати навбатӣ чеҳраҳое омаданд, ки камтарин мавқеи шахсӣ ва амбитсияҳои корӣ ҳам надоранд. Вале боз ҳам вақт нишон хоҳад дод”,- гуфт Кабирӣ.
Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, аз яккаҳизбӣ шудани ҳукумати ҷадид изҳори нигаронӣ намуд. Шабдолов мегӯяд, беҳтар мебуд, ҳукумати Тоҷикистон бо таъини кадрҳои ҷадид пандномаи Дороро ба эътибор мегирифт, ки аз як қавм таъин шудани роҳбарият ба манфиати кор нахоҳад буд.
Раҳбари ҲКТ бар ин назар аст, ки дар таъини кадрҳо ҳукумати Тоҷикистон бояд на ба вориси як шахс, балки ба ворис ва захоири кадрии ҳамаи гуруҳҳои ҷомеа таваҷҷуҳ мекард. “Мумкин нест ҳукумати яккаҳизбӣ ташкил кунем. Кӣ ҳаст? Ҳукумат ба кӣ такя мекунад? Ба як ҳизб! Ҳизбҳои дигар куҷост? Дарак надоранд дар ҳукумат, гӯиё ки нестанд. Чунин шакли ҳукуматдорӣ бақо нахоҳад дошт”,-таъкид кард Шодӣ Шабдолов. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)