Демократҳои Суғд: "Саидҷаъфар Исмонов диктатор аст"
Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар вилояти Суғд дар пайи баргузории як ҷаласа роҳбарияти собиқи ин ҳизбро дар вилоят ба ғасби амволу расондани зарари моддӣ муттаҳам кард.
Равшан Аҳмадов, раиси дафтари Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Суғд, мегӯяд, собиқ раиси ҲДТ дар вилоят, марҳум Ҷумъабой Ниёзов ғайриқонунӣ ва худсарона бинои ҳизбро дар масоҳати 350 метри мураббаъ ба шаҳрванд Ҳайдаров фурухтааст: “Ҳуҷҷатгузории ғайриқонунию худсаронаи ин манзил соли 1991 ва такроран соли 2007 сурат гирифтааст. Ин ҳодисаро 16 сол сарони ҳизб дар Суғд аз аъзои мо пинҳон доштанд.”
Аҳмадов афзуд, инчунин, соли 2007 масъули дигари ҳизб, Ҷаббор Юлдошов мошини ҳизбии тамғаи «Москвич»-ро фурӯхтааст: “Имрӯз Шӯрои сиёсӣ мехоҳад, ин ҳамаро баргардонад.”
Равшан Аҳмадов дар идома аз он шикоят кард, ки "Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ ба ҷои он ки бахши суғдии ҳизби демократро дастгирӣ намояд, бо усулҳои диктаторӣ ва шахсиятпарастӣ зидди талаботи оинномаи ҲДТ рафтор карда, ин нафаронро дастгирӣ мекунад." Дар ҳамин ҳол, Шӯрои сиёсии ҲДТ дар вилояти Суғд барои дасисабозию расондани зарари моддӣ бархе аз аъзои ҳизбро аз узвият озод карда, эълон намудааст, ки азм дорад, тамоми моликияти ба яғморафтаи ҳизбро баргардонад.