Президент ба ҷавоне, ки дар саҳна нақши ӯро бозид, ҷоиза дод
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон аз санъаткоре, ки дар филми “Дарёи оташин ва куҳи оҳанин” нақши Назарбоеви ҷавонро бозидааст, қадрдонӣ ва ифтихорнома тақдим намуд.
Тибқи иттилои расонаи хабарии қазоқӣ-“Tengrinews.kz”, раисиҷумҳури Қазоқистон ҳангоми тақдими ифтихорнома ба Нурлан Олимҷонов, сантъаткорӣ мазкур аз ҳозирин суол кардааст, ки “Ба ман монанд ҳаст?”
Ин санъаткори қазоқ дар суҳбат бо “Tengrinews.kz” гуфтааст, ки Нурсултон Назарбоев ӯро хеле ба худ монанд меҳисобад ва ин маънои онро дорад, ки филми мазкур ба раисиҷумҳури Қазоқистон писанд омадааст. Олимҷонов, ки, бештар орзӯи нақшофарӣ дар филмҳои таърихиро дорад, мегӯяд, ин иқдоми раисиҷумҳури кишвараш ба ӯ рӯҳияи тоза бахшида, аз ин ба баъд барои бозӣ намудан дар филмҳое, ки обрӯ ва манзалати Қазоқистонро боло мебарад, талош хоҳад кард.
Манбаъ мегӯяд, инчунин дар ин чорабинӣ бархе аз санъаткорон ва ҳунармандони қазоқ низ аз сӯи Назарбоев қадрдонӣ шуда, соҳиби ҷоиза гардидаанд.