Раҳмон аз Парвардигор ба шоҳи Баҳрайн комёбиҳо хост
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми декабр, бо ирсоли як паёми шодбошӣ, подшоҳи мамлакати Баҳрайн, Ҳамад ибн Исо Оли Халифаро бо Иди Миллии Баҳрайн табрик кардааст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикияш аз ҷумла навиштааст: “Бародари гиромӣ, ба муносибати фарорасии Иди миллии Мамлакати Баҳрайн ба Шумо, Аълоҳазрат, беҳтарин табрикоти бародарона ва самимонатарин шодбошҳои хешро ирсол медорам ва ба Шумо саломативу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Баҳрайн, рушду тараққӣ орзу намоям.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паём ба подшоҳи Баҳрайн, бо ибрози ҳавасмандӣ ба ҳамкории бештари муштарак афзудааст, “Парвардигор Шуморо муваффақ гардонад ва дар роҳи роҳбарӣ ба пешрафти мардуми кишваратон комёбиҳо арзонӣ дорад”.