Эълони ҳолати омодабош дар Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар ҳолати омодабош эълон кардааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, аз 16 то 18 декабр ҳайати шахсии ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳолати омодабоши доимӣ гузаронда мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, низ дар пасманзари пешгӯии обуҳавошиносон ба ниҳоди зертобеяш дастур додааст, ки дар ҳолати омодбош қарор гирад. Ба иттилои Хадамоти матбуоти ВКД, Рамазон Раҳимов махсусан ба раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД супориш додааст, барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо, рафъи офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма, омадани сел, лағжиши сангу хок, сар задани сӯхтор омодагии ҷиддӣ бинанд.
Раҳимов сохторҳои зертобеяшро вазифадор кардааст, ки дар сурати рух додани ин гуна ҳодисаҳо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ фавран барои расонидани кӯмак ва бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ сафарбар карда шаванд.