Ба гармшавии муносиботи Тошканду Душанбе бовар доред?
Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси Намояндагон:
“Ба гарм шудани равобит бо Узбакистон бовар дорам, чун решаҳои амиқи ҳамҷаворӣ, ҳаммазҳабӣ, ҳамсарҳадӣ ва ҳатто хешутаборӣ дорем. Ҳазорон сол пеш сиёсатмадорони мо гуфта буданд, ки аз хеши дур дида ҳамсояи наздик хуб аст. Ҳамин ҳамҷавориҳои иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ маҷбур мекунад, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар оянда гарму мӯътадил ва ба манфиати ҳар ду миллат бошад.”
Маҳдии Собир, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Тавре президенти кишвар гуфта буд, Тоҷикистон дар ҳар давру замон омодааст бо Узбакистон муносибати дӯстона дошта бошад. Ислом Каримов ҳам дар як баромади худ гуфта буд, ки нафароне мехоҳанд моро бо Тоҷикистон ҷанг андозанд, вале мо сӯи сухани онҳо намеравем ва мо як халқем, ки бо ду забон бо ҳам гуфтугӯ мекунем ва бояд ба ҳам оем. Ин нишон медиҳад, ки ҳар ду роҳбари кишвар мехоҳанд муносибати дӯстона дошта бошанд. Узбакистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати иқтисодиву ҷамъиятӣ як кишвари қавист ва ояндаи рӯшан ҳам дорад. Барои ҳамин, Узбакистон мехоҳад, як давлати озод бошад ва сиёсатеро пеш гирад, ки ба манфиати худи ин кишвар бошад. Русия кӯшиш мекунад, кишварҳои Осиёи Марказиро дар Иттиҳоди АвруОсиё гирди ҳам оварад, вале агар ду кишвар - Туркаманистон ва Узбакистон ба ин иттиҳод ворид нашаванд, ин масъала то андозае ҳалнашуда боқӣ мемонад.”
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос:
“Ба гарм шудани муносибати Тошканду Душанбе бовар дорам. Зеро ин муносибатҳо байни ду давлати ҳамсоя ва дӯст мебошад. Аз дигар паҳлӯ, муносибатҳои байни давлатҳо характери сиёсӣ доранду доимӣ нестанд ва онҳо доимо гарм ё сард буда наметавонанд. Сиёсати геополитикии минтақа водор мекунад, то давлатҳои минтақа бо якдигар муносибати хуб дошта бошанд. Зеро муносибатҳои экологӣ ва иқтисодӣ моро ба якдигар вобаста мекунад. Чун поёнобҳои Сирдарё ва Амударё аз Тоҷикистон баромада, ба Узбакистон мерезанд. Муносибатҳои иқтисодӣ ҳам тариқи роҳи оҳани Узбакистон сурат мегирад ва Тоҷикистон тариқи ин кишвар бо дигар давлатҳо тиҷорати коло вуҷуд дорад. Ҳарчанд мо аз Афғонистону Чин роҳҳои автомобилгард сохтему ба воситаи ин роҳҳо бор интиқол мегардад, аммо ин ба талаботи имрӯзаи Тоҷикистон ҷавобгӯ намебошанд. Бе роҳи оҳан ин талаботро таъмин карда наметавонем.”
Амният Абдулназаров, муовини раиси ҲСДТ:
“Баъд аз иваз шудани сарвазир мумкин ин мақомдори нав бо Узбакистон забон биёбад. Вале баъзан аз тариқи радиову телевизионҳои Тоҷикистон ба мардуми узбак суханони пасту баланд гуфта мешавад, ки ин метавонад муносибатҳоро сардтар кунад. Барои ин ки муносибати ду кившар беҳтар шавад, хуб мешуд аввал вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо сафорати Узбакистон мулоқоту гуфтушунид мекард ва оид ба ин вохӯрӣ дар расонаҳо сухан мегуфтанд. Солҳои пеш агар муносибати ду давлат сард буд, имрӯз ин сардӣ байни мардуми ду кишвар ҳам вуҷуд дорад. Ин метавонад хилофи муносибатҳои давлатии Тоҷикистон шавад. Агар сарвазири феълӣ дорои ваколати комил бошад, метавонад масъаларо ҳал намояд, чун шимоли Тоҷикистон бо мардуми Узбакистон муносибати хуб дорад.”
Абдумалик Қодиров, коршинос:
“Албатта, муносибатҳои ду ҳамсоякишвар хоҳ-нохоҳ як рӯз не як рӯз гарм мешаванд. Чун намешавад, ки ду ҳамсоя як умр дар ҳолати "ҷанги сард" қарор дошта бошанд. Мутаассифона, дар кишварҳои пасошӯравӣ муносибатҳои байнидавлатӣ аз муносибатҳои шахсии сарони ин давлатҳо вобастагии сахт дорад. Яъне, барои мисол, агар ситораи ҷаноби Каримов бо ситораи ҷаноби Раҳмон “рост” наомад, пас, ҳарорати муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар сардӣ қарор мегирад. Вале ин ҳарорат ҳамчунин аз маҳорату малакаи касбии дипломатҳо ва шахсиятҳои ҳамсоякишварҳо низ вобастагӣ дорад. Бо таъин шудани ҷаноби Қоҳир Расулзода ба вазифаи сарвазирӣ ва сафари ӯ ба Тошканд умеде пайдо шудааст, ки ин муносибатҳо ҳадди ақал дар сатҳи иқтисодӣ рушд мекунанд, ки ин худ як қадаме ба пеш аст.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)