2 000 сомонӣ ҷаримаи марди 63-сола барои тӯйи писараш
Додгоҳи Бохтари вилояти Хатлон як сокини бознишастаи ин ноҳияро, ки маъюби гуруҳи дувум будааст, бо ҷурми риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ду ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Бар асоси иттилои раисикунандаи мурофиа -- Ҳасан Мӯъминов, Нарзиқул Зулфиқоров тӯйи домодии писарашро бар хилофи муқаррароти қонуни танзими ҷашну маросим ду рӯз барпо намудааст. Яъне, дар рӯзи аз ҷониби ҷамоат тавсиянагашта барои 25-30 нафар ақрабо, ҳамсабақони писар ва ҳамсояҳо дастурхон густурдаю эшонро таом додааст.
Бино бар ин, дар баробари ин кирдори ӯ додгоҳ аз моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон кор гирифтааст.
“Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла бори аввал содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба гуноҳ иқрор шудан, изҳори пушаймонӣ кардан, дар тарбия шаш фарзанд доштан, нафақахӯри маъюби гуруҳи дуюм буданашро мувофиқи мақсад шуморида, нисбат ба ӯ ҷазои маъмуриро аз ҳадди ақалли пешбининамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пасттар таъин намуд”,-афзуд додрас Мӯъминов.