Парлумон бе чунучаро аъзои ҳукумати нави Тоҷикистонро тасдиқ кард
Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки аз Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон иборат аст, рӯзи 16 декабр тамоми фармонҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъини аъзои ҳукумати нави кишварро бе чунучаро тасдиқ кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳамаи аъзои ҳукумати навро табрик гуфта ва таъкид намуда, ки вазифаи онҳо дар ҳафт соли оянда хидмати софдилона ба халқу миллат аст. Вай, инчунин, хост, афроди тозатаъин барномаи пеш аз интихоботии президентро амалӣ кунанд.
Иҷлосияи ғайринавбатии ду палатаи парлумони Тоҷикистон - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон субҳи 16 декабр ба кори худ оғоз кард. Ба баррасии иҷлосияи Маҷлиси Олӣ фармонҳои президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани аъзои ҳукумати нави кишвар барои тасдиқ пешниҳод шуда буд.
Дар навбати аввал намояндагони ду палатаи Маҷлиси Олӣ фармони аз вазифа сабукдӯш шудани аъзои ҳукумати пешинаро тасдиқ карда, таъиноти нав аз сӯи Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Оқои Раҳмон дар интихоботи президентии 6 ноябри соли равон пирӯз шуд ва пас аз адои савгандаш дар рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ ба ташкили ҳукумати нав пардохт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, 60 дарсади аъзои ҳукумат нав шуда, синни миёнаи онҳо аз 56,7 ба 52 расидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)