Шаҳрдорӣ барои баргузории ярмаркаи духтари президент иҷоза надодааст
Ҳокимият ё маъмурияти шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон барои гузарондани ярмарка-намоишгоҳи ҳунарҳои дастии мавсум ба “Bazar-Art”, ки гуфта мешавад бо ташаббуси Гулнора Каримова роҳандозӣ мегардад, иҷоза надодааст.
“Bazar-Art” яке аз маъруфтарин намоишгоҳҳои Узбакистон аст, ки аз соли 2007 ба ин сӯ дар як сол ду маротиба дар пойтахти ин кишвар гузаронда мешавад. Ба иттилои “Фонди Форум”-и мутаалиқ ба духтари калонии президент Ислом Каримов, ҳушдори шаҳрдорӣ барои баргузор накардани намоишгоҳ наздики 200 ҳунарманди мардумӣ ва ҳазорон сокини Тошканд ва меҳмони онро ҳайрон кардааст.
Ёдовар мешавем, тайи чанд моҳи ахир дар шаҳри Тошканд дари чандин иншооти марбут ба Гулнора Каримова, аз қабили мағозаҳои муд, ҷавоҳирот ва кинотеатрҳо баста шуда, радиову телевизионҳояш аз фаъолият бозмонданд.