Интихоботи "дуҳизбӣ" дар Туркманистон ҷараён дорад
Дар Туркманистон интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад.
Дар ин овоздиҳӣ нахустин маротиба дар таърихи ин кишвар барои 125 курсии парлумон намояндаҳои ду ҳизб: Ҳизби демократ ва Ҳизби навтаъсиси ходимони саноат ва соҳибкорон (ҲССТ) ширкат меварзанд.
Бино ба иттилои ВАО, ҲССТ ҳизби мухолиф набуда, комилан аз сиёсатҳои раҳбари Туркманистон пуштибонӣ мекунад. Гуфта мешавад, ин ҳизб беш аз 2 ҳазор ва ҲДТ наздики 190 ҳазор узв дорад.
Мақомот мегӯянд, барои таъмини ширкати саросарии мардум дар нахустин интихоботи парлумонии чандҳизбӣ дар Туркманистон 2446 қитъаи интихоботӣ, аз ҷумла 33 қитъа дар хориҷи кишвар, таъсис додаанд. Ҷараёни интихоботи Туркманистонро 2500 нозири маҳаллӣ ва ҳамчунин нозирон аз САҲА ва ИДМ назорат доранд.
Туркманҳо 125 вакили парлумонро дар ҳавзаҳои якмандатӣ барои панҷ сол интихоб мекунанд. Раванди раъйдиҳӣ то соати 19:00 идома хоҳад кард.