Дахолати Нуриддин Саидов, вазири маориф, ба баҳси “фигура”
Ахиран Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, ба баҳси Исломиддин Нарсов -- мудири маорифи Ёвон ва Меҳрафрӯз Ҳаётова -- омӯзгори забони англисии яке аз мактабҳои ин ноҳия дахл кард. Оқои Саидов субҳи 14 декабр хонум Ҳаётоваро ба ҳузур пазируфта ва аз ӯ ҳақиқати ҳолро пурсид.
Қаблан, Меҳрафрӯз Ҳаётова аз болои мудири маорифи Ёвон шикоят карда буд, ки гӯиё шаъну эътибори ӯро дар назди ҳамкоронаш паст зада гуфтааст, “фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай.” Хонум Ҳаётова дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, вай шоми 13 декабр телефонӣ бо вазири маориф сӯҳбат карда, нахуст аз ӯ пурсидааст, “оё барои муаллимаи забони хориҷӣ шудан, бояд фигураю симои зебо дошта бошӣ?”
“Вазир маро дилбардорӣ намуда гуфт, ягон нафар ҳаққи гуфтани чунин суханҳоро надорад. Ӯ барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол маро ба Душанбе даъват кард ва субҳи 14 аз наздик сӯҳбат намуд”,- гуфт ӯ. Мусоҳиби мо афзуд, “вазир хост, бо ҳамн либосе, ки дар назди мудири маориф пӯшида будам, биёям. Вай мехост, фаҳмад, ки чаро афту андоми ман ба мудир маъқул нашудааст. Вазир маро хуб қабул карда гуфт, агар 11 сол дар соҳаи маориф кор карда бошӣ, кадри худро дастгирӣ мекунам. Дар назди ман ба директори мактаб занг зада, хислатнома пурсид. Ба мудири маорифи ноҳия Исломиддин Нарсов низ занг зад ва гуфт, рӯзи душанбе ба назди вазир биёяд. Вазир ба ман гуфт, нафароне, ки ҳуқуқи худро ҳимоя мекунад, ҳурмат мекунаму чӣ қадаре тавонам дастгирӣ менамоям.”
Ин дар ҳолест, ки Исломиддин Нарсов ҳама даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётоваро беасос медонад. Вай гуфта буд, “ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду рӯймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсиянамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.
Хулосаи вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи ин баҳс баъд аз сӯҳбаташ бо Исломиддин Нарсов эълон хоҳад шуд.