Кабирӣ дар бораи тағйирот ва мақоми нави Рустами Эмомалӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бар ин аст, ки интихоб шудани Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур, ба ҳайси раҳбари Хадамоти гумрук аз кишвари феодалӣ будани Тоҷикистон дарак медиҳад.
Кабирӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии русии “А24” гуфтааст, ин таъйинот бозгӯи он аст, ки давлати Тоҷикистон танҳо дар Қонуни асосӣ демократӣ ва дунявӣ буда, дар асл ба як кишвари асримиёнагӣ наздик ба монархия монанд аст. Ба қавли раиси ҲНИТ, Тоҷикистон танҳо дар либос ва ороиши бинову маъракаҳо ҳамчун кишвари муосир ва мудерн дида мешавад: “Вале дар воқеъ, ба як кишвари феодалӣ табдил ёфтааст.”
Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суоли хабарнигор, ки “вокуниши мухолифони тоҷик ба ин мансаб таъйин шудани Рустами Эмомалӣ чист?” иброз медорад, ки инҷо дигар вокуниши мухолифин зарурат надорад. Чун ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо ин иқдоми худ миссияи мухолифинро дар ин бора иҷро кардааст. Раиси ҲНИТ мегӯяд, вазифаи мухолифин ошкор ва гуфтани камбуди ҳукуматҳо аст. “Дар бархе аз кишварҳо, ки ҳукумат барои пӯшонидани камбуду мушкилоти худ талош мекунад, ин кор барои мухолифин мушкил пеш меорад, аммо ҳукумати Тоҷикистон бо ин амал вазифаи мухолифинро иҷро кард ва акнун барои мухолифон ҳатмӣ нест, камбуди ҳукуматро ҷӯянд, чун он алакай ошкор аст”,-гуфтааст ӯ.
Оқои Кабирӣ илова намудааст, омадани писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин симат аз иштибоҳ ва эҷоди як мушкил барои ҳукумати кишвар дарак медиҳад. Ӯ бар ин аст, ки ба ин таъйинот аз ҷониби бисёриҳо баҳои манфӣ дода шуда, норозигӣ на танҳо миёни мухолифин, балки байни тарафдорони худи ҳукумат низ эҷод кардааст. “Ба чунин масъалаҳо, бахусус дар як кишваре, ки худро демократию дунявӣ меҳисобад, бояд хеле эҳтиёт кард”,-таъкид доштааст ӯ.
Ин сиёсатмадори тоҷик афзудааст, ҳарчанд аз ташкилшавии ҳукумати нави Тоҷикистон ягон иллюзия надошт, вале умедвор буд, сафи аъзои ҳукумати навташкилро бештар ҷавонон ва намояндагони аҳзоби гуногун, ё ҳадди ақал муттахассисон ва технократҳои бидуни ҳизбу берун аз қабилагароӣ ташкил медиҳад. Ӯ таъкид дорад, ки дар Тоҷикистон бо ивазкунии аъзои ҳукумат, ки ин ҳам дар тими нави Раҳмон тақрибан ягон чеҳраи нав дида намешавад, ҳеч чиз тағйир нахоҳад ёфт. Чун дар ин кишвар дар ҳама соҳа президент тасмим мегираду вазирон танҳо иҷрокунанда мебошанд: “Мутаассифона, дар мо вазириро танҳо иҷрокунанда медонанд, аммо дар асл масъулияти вазирӣ танҳо бо ин хатм намешавад, балки ӯ бояд худ низ қарор қабул кунад ва барои ин амали худ ҷавобгар бошад. Вале дар Тоҷикистон танҳо президент ин ҳамаро мекунаду фақат худи ӯ ҷавобгар аст.”