Зарифӣ ба Узбакистон: “Чӣ гуна ташхис кунем, ки ба Шумо маъқул шавад?”
Узбакистон дар иҷлоси ахири вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо масъалаи об дар минтақарро дубора ба миён гузошта, кишварҳои ҳамсояи худро ба истифодаи нодурусти манобеи обӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба конвенсияҳои байналмилалии марбут дар ин бора муттаҳам кардааст. Ин иҷлос охири моҳи ноябр баргузор шуда, вале баҳсҳои дохили он тоза ба расонаҳо роҳ ёфтааст.
Владимир Норов, сафири Узбакистон дар Шоҳигарии Белгия, ки дар ин иҷлос кишварашро намояндагӣ мекард, гуфт, Қирғизистон манобеи обу энержии худро ғайриҳадафмандона истифода мекунад, ки ба гуфтаи ӯ, ин кишвар ҳамасола ҳудуди 20%-и нерӯи барқашро аз даст медиҳад. Дипломати узбак сохтмони нерӯгоҳҳои Қирғизистон-“Қамбарота”, “Норин” ва “Роғун”-и Тоҷикистонро зери бори танқид гирифта, гуфтааст, бунёди ин нерӯгоҳҳо аз нигоҳи муҳити зист, идораи манобеи обию обёрӣ ба минтақа хатар доранд. Ӯ илова кардаааст, сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур бояд, мавриди ташхиси байналмилалӣ қарор гиранд. Инчунин аз риоя нашудани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба истифодаи дарёҳои фаромарзӣ аз сӯи кишварҳои болооби минтақа ибрози ташвиш карда, гуфтааст, ки мушкили истифодаи манобеи обӣ дар Осиёи Марказӣ оқибат ба ҷанг хоҳад анҷомид.
Дар ҳамин ҳол, Эрлан Абдуллоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон ин изҳороти дипломати узбакро комилан рад карда, таъкид доштааст, ки кишвараш ба сарфакорона истифода шудани неруи барқи худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад ва солҳои охир мизони аз дастдиҳии нерӯи барқи Қирғизистон аз 40% то 18% поин бурда шудааст. Абдуллоев гуфтааст, шомили конвенсияи мазкур шудан, ин масъалаи хусусии ҳар як давлат мебошад ва он бояд ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад. Вазири қирғиз афзудааст, ки ҷониби Узбакистон дар ҳоле ин иддаоро мекунад, ки он чандин санади минтақавӣ ва байналмилалиро ба имзо расонида, талаботиҳеч кадоми онҳоро иҷро намекунад. Дар мавриди бунёди неругоҳҳои барқӣ Абдуллоев гуфтааст, кишвараш омодааст, дар ҳама ҷиҳат бо давлатҳои дигар гуфтушунид намояд, вале ҷониби Узбакистон ба кадом як далели номуайян аз гуфтугӯ худдорӣ мекунад.
Пас аз ин дипломати Узбакистон гиребони Қирғизистонро сар дода, ба масъалаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун даст задааст. Ӯ гуфтааст, бо вуҷуди ин ки лоиҳаи ин сохтмон аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ ташхис мешавад, вале азбаски таҳти назорати ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, мунсифона анҷом нахоҳад шуд. Вале ин изҳороти дипломати узбак ин бор аз сӯи Ҳамрохон Зарифӣ, ҳоло собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон рад карда шудааст. Зарифӣ гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон ба хотири мушкили норасоии газу нефт доштанаш, тасмим гирифтааст, аз захираҳои обии худ тибқи талабот истифода кунад. Аз ин рӯ, ин кишвар тасмим дорад, нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро созад. Собиқ вазири умури хориҷии тоҷик изҳор доштааст, ки бо вуҷуди гирифтор будани Тоҷикистон ба ин ҳолат, ҷониби Тошканд имкон намедиҳад, ки Душанбе аз хориҷ газ дастрас кунад. Дипломати тоҷик қайд кардааст, нерӯгоҳи Роғун баъд аз даъвоҳои Узбакистон алайҳи он аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ ташхис мешавад, ки ба раванди он ҳукумати Тоҷикистон хеч дахолате карда наметавонад.
Ҳамрохон Зарифӣ хотиррасон кард, ки чанд соли қабл Тоҷикистон хост, дар дарёи Зарафшон нерӯгоҳ бунёд кунад, ки ин бор низ бо мухолифати Узбакистон рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи Зарифӣ, Душанбе ба хотири риояи ҳуқуқи ҳамсоягӣ ба коршиносони мустақили олмонӣ барои ташхиси ин тарҳ муроҷиат кард, ки оқибат ба ин тарҳ ҷавоби мусбат дода шуд, вале бо сабабҳои номаълум Узбакистон ин ташхисро низ қабул накард.
Зарифӣ дар хитоб ба дипломати узбак гуфтааст, "Шумо ягон ташхиси гузаронидаи коршиносони мустақили байналмилалиро қабул надоред, пас, мо чӣ гуна ташхис кунем, ки ба Шумо хуш ояд?" Вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон қайд кардааст, ки Душанбе дар мавриди истифодаи об уҳдадориҳои байналмилаии худро риоя карда, ба ҳаққи кишварҳои дигар дастдарозӣ намекунад. Ӯ гуфта, ки Тоҷикистон ҳоло аз меъёри ҳаққи худ сарфа карда, обанбори Роғунро пур мекунад, ки ин ба раванди обёрии кишварҳои поёноб халал намерасонад.
Владимир Норов ин гуфтаҳои вазири тоҷикро низ беҷавоб намонда, илова кард, ки кишвараш наметавонад, ба Тоҷикистон бо нархи аз ҳама поин газ фурӯшад. Дар ҳамин ҳол Ҳамрохон Зарифӣ низ садо баланд карда, гуфт, Тоҷикистон аз Узбакистон бо нархи ҷаҳонӣ омодааст, газ харад. Вале сафири узбак ин бор боз норасоии газро бащона карда, гуфт, “гази мо ҳоло ба худамон намерасад.” Ба гуфтаи Норов, ҷониби Узбакистон дар баррасии лоиҳаи неругоҳи барқӣ-обии Роғун аз сӯи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Алма-Ато ширкат намекунад, чун Қазоқистон ягон алоқамандӣ ба дарёи Амӯ ва Роғун надорад: “Аз бунёди Роғун ба Қазоқистон на суд асту на зарар.”
Дар идома сухан ба Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон дода шуд, ки дар ин суханронӣ ҷониби Узбакистонро ба дуздии оби кишвараш муттаҳам кард. Ӯ гуфт, Тошканд оберо, ки Остона аз Бишкек бар ивази барқ харидорӣ мекунад, ба таври ошкоро медуздад. Вазири умури хориҷии Қазоқистон дар эътироз ба суханҳои дипломати узбак дар мавридии алоқамандӣ надоштани Қазоқистон ба дарёи Ому ва Роғун афзуд, кишвараш ҷузъи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, ба тарафи мусбат ҳал ёфтани мушкилоти ин минтқа манфиатдор аст. Идрисов дар тақвияти суханони ҳамтои тоҷики худ, илова кард, Тоҷикистон баъд аз эътирозҳои зиёди Узбакистон дар бораи бунёди Роғун ба Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиат кард, то ин тарҳро ташхис кунанд. Мақомоти тоҷик боз чӣ кор кунад? Барои чӣ Узбакистон конвенсияи СММ-ро ҳамчун чӯбдаст барои Тоҷикистон ва Қирғизистон истифода мекунад, дар ҳоле, ки нисбати Қазоқистон, ки яке аз кишварҳои поёноб аст, ягон талаботи ин конвенсияро иҷро намекунад?