12-уми феврали соли 2012 интихоботи президентӣ сурат мепазирад
Парлумони Туркманистон санаи баргузории интихоботи раисҷумҳури ин кишварро 12 феврали соли 2012 муқаррар кард.
Дар ин бора расонаҳои хабарии Туркманистон иттилоъ медиҳанд. Мутобиқ ба Сарқонуни ин кишвар мардум президенти кишварро барои 5 сол интихоб мекунад. Чун интихоботи пешин расо 5 сол пеш 11 феврали соли 2007 баъди вафоти президенти якумрии Туркманистон- Туркманбошӣ Сафармурод Ниёзов доир шуда буд, акнун дар интихоботи навбатӣ мардум садри худро барои 5 соли баъдӣ ба раёсат мепазиранд. Он навбат барои расидан ба маснади райисҷумҳур 5 номзад талош карда, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов комёб шуда буд. Ҳамакнун, президенти феълии Туркманистон ҳақ дорад дубора барои расидан ба маснадаш талош варзад. Президенти Туркманистон тибқи қавонини ин кишвар метавонад шаҳрванди аз 40 сола на каму аз 70 сола на боло, зодаи Турманистон, донандаи забони давлатии ин кишвар ва ҳудуди 15 соли ахир дар ин кишвар зиндагӣ дошта, интихоб гардад.{jathumbnail off}