«Шашмақом» шурӯъ шуд, шашмақом идома дорад
Шоми имрӯз аниқтараш соати 18-и бегоҳ дар толори «Филармонияи давлатии Тоҷикистон» ҳунарнамоии ду дастаи ҳунарӣ дар доираи симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар назар аст.
Зимнан, ансамбли шашмақомхонони филармония таҳти роҳбарии ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов ва оркестри созҳои халқӣ таҳти сарварии Амон Ҳамдамов дар саҳна баромад хоҳанд кард.
Бино ба иттилои вазорати фарҳанг фестивали имсола ба 100-солагии Фазлиддин Шаҳобов бахшида шуда, дар он ба ҷузъ гурӯҳҳои ҳунарии ватанӣ ҳунармандони кишварҳои Арманистон, Афғонистон, ва ҷумҳурии мардумии Чин иштирок мекунанд.
Ёдрас менамоем, шашмақом шоҳасари тавонои классикӣ буда, аз осори пурғановати Айнӣ ва пажӯҳишҳои таърихии Бобоҷон Ғафуров ибтидо ёфта, минбаъд дар такмили Фазлидин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзулоев ташакул ёфта, устод Аҳмад Бобоқулов ва Барно Исоқова онро ба эҷодкорони имрӯз мерос гузоштаанд.