Даъвати муфтӣ: "Аз мазҳаби Имоми Аъзам берун наравед"
Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, аз баҳс ва бардоштани масоили ихтилофи мазҳабӣ миёни мардум худдорӣ варзанд.
Абдулқодирзода, рӯзи 13 декабр зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, паҳн кардани бархе аз масоили ихтилофоти мазҳабӣ миёни омма хиёнат ба дини Ислому миллат ва давлат мебошад.
Ӯ гуфт, мо бояд, аз бардоштани баъзе аз масъалаҳои ихтилофӣ, ки зиёда аз ҳазор сол аст, вуҷуд доранд ва касе натавонистааст, ин ихтилофотро то ҳол аз байн барад, даст кашем, то миёни мардуми мусулмон низоъ эҷод нашавад.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои Маркази исломии кишвар, мардуми тоҷик зиёда аз ҳазор сол мешавад, пайравӣ аз мазҳаби Имом Абуҳанифа дошта, набояд аз он пой берун ниҳанд: “Имом Абуҳанифа, ки мо тоҷикон беш аз ҳазор сол боз пайравӣ аз мазҳаби ӯ дорем, ягон суханеро дур аз оятҳои Қуръону ҳадисҳои паёмбар (с) нагуфтааст. Пас мо барои чӣ ин роҳи ҳақро тарк ва пайравӣ аз мазҳабҳои дигари бегонаву тундрав кунем, ки ҳамеша миёни мардум душманиро мехоҳанд.”
Сайидмукаррами Абдулқодирзода аз намозгузорон даъват кард, ба гуфтаҳои пайравони дигар мазоҳиб дар бораи мазҳаби Имом Абуҳанифа гӯш надиҳанд, чун Имоми Аъзам яке аз афроди наздиктарин ба замони паёмбар буда, муассис ва ба чаҳорчӯба даровардани фиқҳи Ислом ба шумор меравад: “Ҳар касе ки мегӯяд, ин ривоят ё ҳадиси овардашуда дар мазҳаби Имом Абуҳанифа заиф ҳаст, бовар накунед, чун ӯ худ заифу нотавон аст.”
Инчунин раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон ба масоили таблиғоти мазҳабӣ низ дахл карда, таъкид намуд, ки дахолат кардани як мазҳаб дар байни пайравони мазҳаби дигар қатъиян аз нигоҳи Ислом ҳаром мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл муфтиёти кишварҳои исломӣ дар пайи як конфронс дар ин бора қарор қабул кардаанд, ки дахолати як мазҳаб дар байни мазҳаби дигарро манъ мекунад.
Ин даъвати Абдулқодирзода дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар муқаддимаи Қонуни нави дин ҳам навишта шудааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.”
Гузашта аз ин, борҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон мазҳаби ҳанафиро ба унвони мазҳаби таҳаммулпазир муаррифӣ карда, пайравӣ аз онро таъкид доштааст. Ин аст, ки соли 2009 давлати Тоҷикистон бо баргузории ҳамоише аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, таҷлил кард.
Инчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён ва аҳли ҷамоатчигии кишвар низ, ки 4 июли соли ҷорӣ дар “Кохи Ваҳдат” баргузор шуд, аз раисиҷумҳури кишвар дархост шуд то низоми яккамазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳифз карда шавад.
Мақомот мегӯянд, навад дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон ва аксари онҳо пайрави мазҳаби ҳанафиянд. Дар баробари онҳо пайравони мазҳаби Исмоилия низ кору зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ба таблиғи мазҳаби ҳанафӣ бештар пардохт, ки пайравони Салафия, як равияи тозапайдои аҳли суннат ва ҷамоат дар оғози солҳои 2000 ба майдон омада, бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ вориди баҳс шуданд.