«Ҳалол»: Гардиши маҳсулоти зери ин тамға ба 500 миллиард $ баробар аст
Истеҳсоли маҳсулот зери тамғаи «Ҳалол» дар Русия ба андозаи то 40 дар сад боло рафтааст.
Ин хабарро баъди анҷоми як таҳқиқот Кумитаи оид ба стандарти «Ҳалол»-и Русия эълон кардааст. Ин дар ҳолест, ки мутобиқ ба натоиҷи ин тадқиқот ва ба гуфтаи раиси Ҷамъияти ҳимояи хақи истеъмолкунандагони Русия Михаил Аншаков аксари истифодабарандагони маҳсулоти зери ин тамғаро мардуми ғайримусулмон ташкил медодааст. Ин бар он асос будааст, ки сифати маҳсулоти тамғаи «Ҳалол» хеле боло буда, кафолати олиро медодааст.Ў аз чумла гуфтааст, «Феълан мардум ба ғизои мехўрдаашон аз пештара диққати ҷиддиву бештар медиҳанд. Ин гуна маҳсулот ( манзур маҳсулоти «Ҳалол»- А.Ф.) миқдори камтарини иловаҳои кимиёиро ва маҳсулоти ғайритабииро доро мебошад, ки истеъмолкунанда ба он бештар эътимод дорад».
Гуфтанист, феълан гардиши маҳсулоти тамгаи «Ҳалол» дар чаҳон беш аз 500 млрд долларро дар сол ташкил медиҳад.{jathumbnail off}