Китобхонаи миллӣ соҳиби торнамои интернетӣ шуд
Китобхонаи миллии Тоҷикистон сомонаи интернетии худро роҳандозӣ кард.
Ин торнамо бо суроғаи www.kmt.tj дастрас буда, ба унвони сомонаи хабарӣ-илмӣ муаррифӣ шудааст. Ин сомона аз бахшҳои мухталиф иборат буда, ба гуфтаи масъулин ҳамарӯза такмил хоҳад шуд ва ояндаи наздик бахши китобҳои электронии он ҳам фаъол мегардад.
Сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2007 оғоз шуд ва 20 марти соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур бо 40 миллион доллар бунёд шуд ва 45 000 метри мураббаъ масоҳат дорад. Он аз 40 толори мутолиа ва 22 анбор барои 10 миллион китоб иборат мебошад.