VIDEO: Тарафдорони Бобои барфӣ ва мухолифонаш дар Душанбе
Наворбардори “Озодагон” назари баъзе аз раҳгузарони хиёбони марказии Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро, дар бораи он пурсид, ки оё мехоҳанд, дар намоишҳои солинавии телевизионҳои кишвар Бобои барфиву Барфак намоиш дода шаванд, ё на.
Бештари назардиҳандагон мегуфтанд, ташнаи дидори Бобои барфиву Барфак тавассути телевизонҳоянд, махсусан дар шаби таҷлил аз Соли нави милодӣ. Тарафдорони Бобои барфӣ ва “набера”-и ӯ мегӯянд, ин қаҳрамонҳо ба касе халал нахоҳанд расонд, балки ба шодии кӯдакон хоҳанд афзуд. Вале сафи онҳое низ, ки мухолифи намоиши қаҳрамонҳои аслии Соли нави милодӣ буданд, кам нестанд. Яке аз онҳо гуфт, “агар Бобои барфиву Барфак бошанд, чӣ мешавад? Ҳеч чиз намешавад. Бе ҳамнҳо низ соли навро ҷашн гирифтан мумкин аст.”
Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки ба демократӣ будани низоми Тоҷикистон ишора карда, мегуфтанд, бояд ҳар кас дар интихобаш озод бошад. Яке аз назардиҳандагон гуфт, ҳарчанд ӯ тарафдори намоиш додани Бобои барфиву Барфак аст, вале агар мақомот чунин бихоҳанд, бояд ба он эҳтиром гузошта шавад.
Назари тарадфорон ва мухолифони намоиши Бобои барфиву Барафак дар телевизионҳои кишварро дар ин навори видеоӣ бубинед: Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)