Боздошти ду Range Rover-и 100 ҳазор $-ӣ дар роҳ ба Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздошти ду “Range Rover”-и гаронарзиш дар шаҳри Талас хабар дод, ки дар Русия дуздида шуда, дар роҳ ба самти Тоҷикистон қарор доштанд.
Ба иттилои манбаъ санҷиши техникӣ нишон дод, ки рақами аслии мошинҳо тоза шудааст ва дар пайи таҳқиқ муайян гардидааст, ки ҳар дуяшон дар бозҷӯии пулиси Маскав қарор доранд. ВКД мегӯяд, ронандагони боздоштшуда шаҳрвандони Белорусия, сокинони шаҳри Баранович ҳастанд, ки ҳуҷҷатҳои тақаллубии мошинҳои дар он ҷо сабт шудаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳар ду мошини боздоштшуда Range Rover Evoque ва Range Rover Sport соли 2012-ум истеҳсол шуда, арзиши бозории ҳар кадомашон 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мақомот қирғиз таъкид мекунад, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)