Даргузашти собиқ номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон
Бобишо Шоев, собиқ довталаби курсии президенти Тоҷикистон дар интихоботи соли 1991, аз фишорбаландӣ дар зиндон даргузаштааст. Бар асоси хабарҳое, ки дастраси мо шуд, ҷасади ӯро 12 декабр дар Душанбе ба хок супоридаанд.
Як манбаи наздик ба хонаводаи Бобишо Шоев дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯ дар зиндон хеле лоғар шудааст. Вай, ки то ноябри соли 2011 раҳбарии корхонаи манзилию коммуналии ширкати “Нафту газ ва ангишт”-и Вазорати энержӣ ва саноатро бар ӯҳда дошт, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда ва баъдан аз сӯи додгоҳи шаҳри Душанбе барои 18 сол равонаи зиндон гардид.
Мақомот гуфта буданд, оқои Шоев аз хазинаи ин корхона беш аз 400 ҳазор сомониро гирифта, барои “ниёзҳои шахсияш” истифода намудааст. Инчунин, ӯ ба гирифтани ришва барои хусусӣ кардани баъзе манзилҳои истиқоматӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин барои шаҳрвандон муттаҳам мешуд.
Бобишо Шоев дар нахустин интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 1991 дар баробари 10 тани дигар муддаии курсии президентӣ буд, ки Раҳмон Набиев, Давлати Худоназар, Сайфиддин Тӯраев, Бӯрихон Салимов аз қабили онҳоянд. Агарчӣ оқои Шоев дар ин интихобот рақиби ҷиддӣ дониста намешуд, вале баромадҳои таблиғотии ӯ дар бораи кашидани хатти барқ барои ҳаракати троллейбус аз Душанбе то Кӯлоб дар ёдҳо мондааст.
Бобишо Шоев, узви Ҳизби халқӣ-демократӣ буда, чанд бор вакили маҷлиси шаҳри Душанбе низ интихоб гардидааст. Вай зодаи Файзобод аст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)