Ҷоизаи Таҳмина барои нақшофарӣ дар филми "Марде дар орзуи зани панҷум"
Таҳмина Раҷабова, як ҷавондухтари тоҷик, ба дарёфти ҷоизаи "Беҳтарин нақши зан" дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо (International Film Festival)-и Гоаи Ҳиндустон муваффақ шудааст.
Раҷабова рӯзи 12 декабр дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, ӯро барои нақшофарӣ дар филми "A MAN’s desire for a fifth wife" (Марде дар орзуи зани панҷум) ба ин ҷоиза сазовор донистаанд: "Дар ин филм 5 нақши асосии зан аст, ки якеашро ман бозидам ва аз ин миён танҳо ҳамин нақш соҳиби ҷоиза шуд".
Филми “Марде дар орзуи зани панҷум” соли 2011 бо кумаки техникӣ ё фаннии Ҳиндустон аз сӯи коргардон Сиддиқ Обидӣ дар музофоти Фароб ва Балхи Афғонистон наворбардорӣ шуда, аз занозорӣ дар ҷомеаи ин кишвар қисса мекунад. Ин филм соли гузашта дар Ҷашнвораи байналмилалии синамо дар Бостони Амрико (BIFF) низ ҷоиза гирифта буд.
Таҳмина Раҷабова мегӯяд аз Тоҷикистон се нафар дар ин филм бозӣ кардаанд: "Соли 2011 дар "Тоҷикфилм" кастинг шуд ва ману Шаҳноза Бӯриева ва Бердӣ Менглиевро интихоб карданд". Таҳмина Раҷабова ҳоло дар телевизиони “Сафина” ба ҳайси муҷрии барномаи иттилоотӣ кор мекунад ва солҳои ахир дар чанд филму клипҳо нақш офаридааст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)