Ташбеҳи Зайд Саидов ба Нелсон Мандела дар додгоҳ
Иқтибоси кӯтоҳ аз баромади ниҳоии Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари боздошт шудаи Тоҷикистони нав дар додгоҳ.
“…Мегӯянд зиндагӣ ифодагари рамзҳост. Бисёр чизест, дар назари аввал туфайливу тасодуфӣ. Вале оқилу доно, рамузфаҳму рамзошно дар онҳо қонуниятҳоеро кашф мекунад, ки калиди дарки моҳияти зиндагиянд.
Ҳамон рӯзе айбдоркунандаи давлатӣ бо як сабукии густохона вақте 28 соли маҳрумӣ аз озодиву мусодираи молу мулк ба зерҳимояи маро аз додгоҳ дархост кард, яке аз бузургтарин шахсияти таърих олами фониро падруд гуфт ва имрӯзҳо қариб тамоми инсоният ин реҳлатро мусибати худ донистаанд. Чанд кишвар дар қаламравашон мотами тӯлонӣ эълон карданд. Абарқудраттарин мамолик парчами давлатиашонро пойин фуроварданд.
Ба эътирофи умум, ин гуна шахси мубориз, озодипарвар, инсондӯст, сарсупурдаро таърихи 1000 соли инсоният ёд надорад. Бале, Нелсон Мандела дар назар аст, ки ӯ низ барои амали имрӯз муҷиби таҳсин ва мадҳу саногаштааш замоне 27 сол аз озодӣ маҳрум буд. Бубинед, чӣ қадар ба ҳам наздиканд, ин ду рақам 28 ва 27. Яке фавтид ва дигареро худи ҳамон рӯз аслан ба марг ҳукм карданд, зеро 28 сол барои оне, ки оҷизу бемор аст, ҷуз ҳукми марг, чизи дигаре нест.
Бубинед, чӣ монандие доранд, ду тақдир - тақдири ашхосе, ки фақат хостанд рӯзгори мардуму миллати хешро беҳбудии бештаре насиб бишавад. Тасодуф нест. Паси ин рақамҳо як қувва ҳаст, ки онро ном зулму золимист, ки аз ҳидояти шайтону иблис маншаъ мегирад. Мехостам, як қиёси ниҳоиро дар ин қисса пеши назар биёрам. Ва бипурсам: ҳамонҳое, ки ҷабру зулму ситами 27-соларо ба марҳум Нелсон Мандела раво диданд, ба чӣ гирифтор шуданд, дар чӣ ҳоланд ва агар рӯйи замин ҳастанд, чӣ қисмати баде онҳоро гирифтор аст? Ва ҳоли онҳое, ки аз он ситам низ соле зиёд, яъне 28 соли маҳрумиятро барои қаҳрамони фоҷеаи имрӯзаи миллати тоҷик - Зайд Саидов таманно доранд, пагоҳ чӣ мукофоти амале аз Парвардигор интизор аст? Фармудаанд, яке аз оқибати ду амал, ки дар ҳамин дунё инсонҳоро домангир мешавад, зулм бувад, ки яке аз шевааш туҳмат аст.
Мӯҳтарам додгоҳ! Ба Шумо қозиён, ки тақдири мардум бо қазою қадар дар дастатон аст, як ҳадиси пайғомбар (с)-ро бояд оварам: “Агар дар дилатон камтарин шубҳае бошад авф кунед, ҳатто хато кунед ҳам, зеро хато карда авф кардан беҳтар аст аз хато карда ҷазо додан.”Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)