Амрико барои CASA-1000 15 миллион доллар ихтисос дод
Амрико нахустин шуда, аз сармоягузории 15 миллион доллари амрикоӣ ба лоиҳаи CASA-1000, хати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон хабар дод.
Вазорати умури хориҷии Амрико, бегоҳи 11-уми декабр, бо пахши як иттилоия дар бораи ихтисоси 15 миллион доллар барои CASA-1000 хабар дода, аз кишварҳои дигар ва донорҳои байналмилалӣ даъват намудааст, ки дар ин самт фаъол бошанд.
Амрико муътақид аст, ки CASA-1000 тариқи таъсиси як низоми энегетикии минтақа барои рушди кишварҳои Осиёи Миёнаю Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард: “Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳисоби фурӯши барқ фоида мегиранд. Афғонистон бошад аз ду ҷиҳат фоида мебинад. Аз ҳисоби гирифтани барқ ва интиқоли барқ ба Покистон.
Вазорати умури хориҷии Амрико изҳори умед кардааст, ки Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар созмону кишварҳо аз ин лоиҳа ҳимоят хоҳанд кард. CASA-1000, барои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ба масофаи 1300 километр тарҳрезӣ шуда, арзиши он ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)