12 соли бознишастагиву 10 соли “семичка”-фурӯшӣ
Ёқуби САИД,
барои “Озодагон”
Достони зиндагии зани “семичка”-фурӯше, ки дар акс суробашро мебинед, кӯтоҳ, вале пурмаъност. Агар Мопассан, нависандаи забардасти Фаронса зинда мебуд, достони зиндагии ин занро ба қалам мекашиду мо ҷараёни рӯзгори худро дубора аз сар мегузарондем. Чун Мопассан зинда несту ин замон нависандае мисли ӯро ҳам надорем, қаҳрамонҳое амсоли зани “семичка”-фурӯш аз назарҳо дур афтодаанд ва мо аз дарки воқеияти рӯзгори худ бебаҳра мондаем…
…Баъд аз нисфирӯзиҳо, наздики шом тақрибан ҳар рӯз ин зани “семичка”-фурӯш дар гардиши маҳаллаи маъруф ба Яккачинори пойтахт “дӯкон” мегустурад. Дӯконаш оддист, ҳамагӣ аз як қуттии картонӣ иборат аст. Асосан донаи офтобпараст мефурӯшад. Гоҳ-гоҳ носу қуруту “жвачка” ҳам ба савдо мегузорад. Мегӯяд, савдояш бад нест. Дар тӯли 4-5 соате, ки дӯкон-қуттияшро мегустарад, аз 10 то 30-35 сомонӣ савдо мекунад. Даромади холисаш аз 5 то 20 сомонӣ дар рӯзро ташкил медиҳад.
Гоҳҳо намози асру шомро дар назди дӯкон-қуттиаш адо мекунад. Нишастан рӯи санги сари роҳ, мегӯяд, агарчӣ сард аст, вале ҷисми ӯ одат кардааст. Роҳгузарҳои давру бараш ба ӯ эътибор намедиҳанд. Оне, ки харидори “семичкаву” носу қурут аст, хостаашро мебардораду меравад, дигар на нозир кордораш мешавад ва на ходим.
Имсол хазони 70-уминро пушти сар мекунад. Рӯзгори ҷавониаш аз “одамҳои советӣ” фарқияти кам дорад; мактаб-манзил, кори саҳро дар калхозу савхоз, тӯи арусӣ, таваллуди фарзанд – дар маҷмуъ зоҳиран як зиндагии осуда. 7 фарзанд таваллуд кардааст, ки ҳоло 6 нафари эшон дар ҳаётанд. Яке писар, боқимонда духтар. Бештар дар бораи духтаронаш суҳбат мекунад, аз хубии онҳо нақл мекунад. Кӯшиш мекунад, писарашро камтар ёдовар шавад, вале намегӯяд чаро. Шавҳараш чанд сол муқаддам фавтидааст.
Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ саргардониҳои зиёде насибаш шудааст. Фаррошӣ ҳам кардааст, дар мағозаҳои бузург фурӯшандагӣ ҳам… Аммо аз даҳ сол ба ин сӯ “семичка” мефурӯшад ва аз ин ҳисоб рӯз мегузаронад. Мегӯяд, 100 сомонӣ нафақа мегирад, ки бо маблағи даромад аз фурӯши “семичка” дар моҳ ҳудуди 400-500 сомонӣ харҷи рӯзгораш мешавад.
Ҳарчанд аз маишати рӯзгораш шикоят намекунад, вале андуҳи гароне даври чашмонаш хона ниҳодааст, ки гувоҳе бар қалби пурдардаш аст. Мегӯяд, гарчи тангии рӯзгор водор ба “семичка”-фурӯшиаш кардааст, аммо ин шуғлро бештар барои он пазируфтааст, ки намехоҳад тан ба бекориву беорӣ биспорад…
Ин достон гарчӣ ҳамин андоза аст, вале умқи нопайдое дорад. Пирзане, ки мебоист ин айём давлати пирӣ биронад ва шаҳди зиндагӣ бичашад, инак, рӯзҳо бори сангини рӯзгор мекашонад ва шабҳо хаставу куфтаву озурда сар ба болин мегузорад, то соате марг ба суроғаш ояд ва ӯ ин ҷаҳонро ноосудаву роҳатнадида падруд гӯяд. Ӯ мебоист, 12 сол инҷониб (аз синне, ки ба нафақа баромадааст) аз таваҷҷуҳ ва ғамхории беминнати давлат бархӯрдор мешуд. То ҷое, ки камтарин камбудӣ ва дасткӯтоҳиро эҳсос намекард. Вале, баръакс, мисли ин ки ба маҳзи бознишаста шудан, машаққату кулфати зиндагиаш дубора оғоз шудааст.
Мушоҳида ва дарки рӯзгори ин пирзан зиндагӣ дар Тоҷикистонро лухту урён ба намоиш мегузорад. Агар то аз пой афтодан андӯхтеду сарф накардед ва ё фарзандони дастгире тарбият намудед, аз ранҷи пирӣ осуда хоҳед буд. Дар ғайри сурат, то аз пой дарафтодан заҳмат кашидеду танҳо маош хӯрдед ва дуздиву ғарӣ накардед, аҳволи пирзан домангиратон аст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)