Марги сокини 22-солаи Душанбе ҳангоми таркише дар Яман
Бино ба хабарҳое, ки дастраси "Озодагон" шуд, чор шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи гузашта ҳангоми таркиши масҷиде дар Яман ба ҳалокат расидаанд. Яке аз инҳо Ҳаким, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, будааст.
Субҳон, бародари Ҳаким, рӯзи 12 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин хабарро тавассути телефон ба онҳо расондаанд ва маълум нест, оё ҷасади додараш ва ҳамроҳони ӯ ба Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт, ё на. Чаро ки, ба гуфтаи ӯ, интиқоли ҷасад аз Яман таҳияи асноди зиёд ва маблағи бештаре мехостааст.
Субҳон мегӯяд, додараш Ҳаким як соли қабл ба нияти таҳсил ба он ҷо рафта, қасд надошт, бо ягон гурӯҳ ҳамкорӣ бикунад. Вай бовар дорад, додараш танҳо қурбони таркиш дар масҷиде дар Яман шудааст. Ҳоло наздикон ва дӯстони хонаводаи Ҳаким бо шунидани хабари марги ӯ дар Яман ба манзили волидонаш, ки дар Душанбе воқеъ аст, омада, изҳори тасаллият мекунанд. Вақте хабарнигори “Озодагон” ҳам ба он ҷо рафт, гуруҳе аз наздикони Ҳакимро дар назди дарвозаашон дид.
Бо ин ҳол Субҳон гуфт, ҳамроҳи додараш се сокини шаҳри Конибодоми виляоти Суғд низ будаанд, ки онҳо низ ҳалок гаштаанд. Қаблан, яке аз наздикони Ҳаким ба “Озодагон” гуфта буд, ки ӯ дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият дошт, аммо моҳи феврали соли равон бо пешниҳоди як ҳамсояашон ба Яман рафт.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)