Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд идома карда, рӯзи 4-уми август пас аз шаҳри Истаравшан ӯ ба шаҳри Исфара ташриф овард.
Тибқи иттиллои дафтари матбуотии президент боздиди кории райисҷумҳур т аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия- «Баракат», ки самти асосии фаъолияташ коркарду бастабандии меваи хушк мебошад, оғоз ёфт. Гуфтанист, ин муассиса соли 2009 ба фаъолият шурӯъ намуда, дар майдони зиёда аз 850 метри мураббаъ ҷойгир шудааст. Корхона аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки ҳар яке вобаста ба таъмини ашёи хом, дар як соат метавонад аз 300 то 700 кг меваи хушкро дар бастаҳои гуногуни дилхоҳи мизоҷон бастабандӣ кунад. Ҳоло корхонаи «Баракат» бо корхонаи қаннодии «Богородская» -и Русия шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда, ният дорад, ки содири ҳосили боғоти Тоҷикистонро, ҳамчунин ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монад. Соли 2010 корхонаи «Баракат» 1 400 тонна меваи хушкро коркард ва содир намудааст. Корхона бо иқтидори имрўзааш метавонад зиёда аз 1500 тонна меваи хушкро бо сифати баланди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ коркарду бастабандӣ намояд.
Зимнан, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара, ҳамчунин як бинои 4 – ошёнаи маркази савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 100 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.Танҳо дар сехи дўзандагии он 40 нафар занону духтарони шаҳри Исфара бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар хоҷагии деҳқонии Навгилеми шаҳри Исфара бошад, райисҷумҳур аз заминҳои сабзавот ва кишти такрорӣ дидан карда, ба таҷрибаи ибратбахши аҳли заҳмати он баҳои баланд дод. Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагӣ аз заминҳои ғалладона аз 50 то 70 сентнерӣ ҳосил рўёнда, дар ҷойи он кишти такрории сабзавот ва полезию лўбиёгиҳоро ба роҳ мондаанд. Дар 220 га офтобпараст барои дон кишт шудааст, ки аз он равған хоҳанд кашид. Барои ин коргоҳи равғанкашӣ ҳам бунёд ёфтааст. Ба иттилои роҳбарияти хоҷагӣ дар ин ҷо 8 намуди офтобпараст кишт мешавад, ки равғаннокии онҳо аз 40 то 56% - ро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}