Боздошти 52 нафар ба иттиҳоми узвият дар “Ҳизб ат-Таҳрир”
Дар ҷумҳурии Доғистони Русия 52 нафар ба иттиҳоми узвият дар “Ҳизб ат-Таҳрир” боздошт шудаанд.
Ин афрод дар пайи як амалиёти густурдаи Сарраёсати мубориза бо терроризми Вазорати умури дохилии Русия дастгир гардидаанд, ки дар як вақт дар 47 минтақаи Доғистон анҷом дода шуд. Ба иттилои манбаъ, миёни боздоштшудагон як шаҳрванди Қирғизистон низ ҳузур дорад, ки аз ӯ Казимжан Шералиев ном бурда шуда, гӯиё вақтҳои охир ба ҳайси намояндаи байналмилалии “Ҳизб ат-Таҳрир” фаъолият дорад.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми бозҷӯии манзилҳои шахсони гумонбар, адабиётҳои динии хусусияти ифротӣ дошта, ду дона норинҷак дарёфт ва мусодира шудааст.