Зимнан, ҷаноби вазир ба президенти Туркманистон паёми райисҷумҳури Тоҷикистонро расонида, изҳор дошт,ки ҷумҳурии мо ба густариши муносибот бо Туркманистон, ки дар заминаҳои дӯстии бисёрасра, боварӣ ва кӯмаки мутақобила барпо шудаанд, аҳамияти бузург медиҳад. Дар навбати худ, Бердимуҳаммадов гуфт, мардуми Туркманистон дӯстӣ бо ҳамсоягони наздикашро ғанимат мешуморад ва фазои мусоиди сиёсӣ-иқтисодии минтақа бозгӯи муносибати мусбат бо шарикон мебошад. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки ба шарофати иродаи дуҷониба ва саъю кӯшиш дар солҳои ахир ба рушди гуфтугӯи байнидавлатӣ такони тоза бахшида шуд, ки онро ба сатҳи наву ҷавобгӯи манфиатҳои дуҷониба баровард. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоми ҷабҳаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ мубодилаи афкор намуданд. Тарафҳо қайд карданд, ки наздикии назарҳо ва мувофиқати тарафҳо дар мавриди як қатор масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таҳким мебахшанд.Ҳамрохон Зарифӣ дар навбати худ қайд намуд, ки Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёнае, ки Туркманистон онро пиёда месозад, ҳамчунин ташаббусҳои муҳими байналхалқӣ, ки аз ҷониби президент Гурбонгулӣ Бердимухаммадов пешбарӣ мешаванд, барои фароҳам овардани шароити вусъатёбӣ, чӣ дар минтақа ва чӣ дар ҷаҳон, баҳои баланд медиҳад ва дастгирӣ мекунад.
Манбаъ афзуд, Ҳамрохон Зарифӣ дар поёни мулоқот изҳор дошт, ки моҳи сентябри соли 2011, дар рафти ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ, ки дар Душанбе баргузор мегардад, Тоҷикистон раёсатро дар ИДМ ба Туркманистон месупорад.Ҳангоми баррасии масъалаҳои муносибати миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бомуваффақият дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба тавсеа меёбад, манфиатдор будани ҷонибҳо барои равнақу ривоҷ бахшидан ба робитаҳо дар соҳаи савдо ва иқтисод, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, соҳаи гуманитарӣ ва фарҳангӣ қайд карда шуд.
Ёдрас менамоем, дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамчунин вохӯриҳои ӯ бо дигар шахсони расмии Туркманистон дар назар дошта шудааст.{jathumbnail off}