Дархости манъи вуруди занони то 24-сола ва ҳомилаи тоҷик ба Русия
Як созмони ҳуқуқии ғайридавлатӣ дар Русия мехоҳад, вуруди занҳои ҳомила ва духтарони тоҷик, ки синнашон аз 24 поин аст, ба қаламрави ин кишвар манъ карда шавад.
Созмони ҳуқуқии “Муҳоҷират ва ҳуқуқ”, ки раҳбарии онро Гавҳар Ҷӯраева бар ӯҳда дорад, тасмим гирифтааст, дар рӯзҳои наздик дар ин бора расман ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат кунад. Ин созмон мегӯяд, аз Хадамоти муҳоҷират хоҳиш менамояд, то ба духтарони аз 24-сола поин ва занҳои ҳомилаи тоҷик барои сафар ба Русия иҷоза надиҳад.
Ба қавли масъулони ин созмон, солҳои охир шумораи кӯдакони бесарпаноҳмондаи хориҷӣ дар қаламрави Русия афзоиш ёфтааст. Ба иттилои мақомоти рус, дар давоми 2 соли охир танҳо дар шаҳри Маскав 166 шаҳрванди хориҷӣ тифлони навзоди худро дар беморхонаҳо партофта, худ ғайб задаанд.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтааст, ба хотири садди роҳи ин раванд шудан ҳамкориии худ бо беморхонаҳои ин кишварро тақвият хоҳад дод. Ин ниҳоди Русия мегӯяд, муайян намудани ҳузури занҳои ҳомилаи хориҷӣ, ки дар қаламрави ин кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, осон буда, сари вақт барои ихроҷи онҳо чора андешида хоҳад шуд.