Мансаби Ҷаббороваро дар парлумон Саидмуродов соҳиб шуд
Вакилони парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми декабр, ба ҷои Марҳабо Ҷабборова ба симмати раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон бо як овоз Лутфулло Саидмуродовро интихоб намудаанд.
Марҳабо Ҷабборова, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ахиран муовини нахуствазири кишвар таъин гардид ва дар назар аст, ки барои ишғоли курсии вакилии ӯ дар ҳавзаи рақами дуи Исмоили Сомонии Душанбе интихоботи миёндаврӣ баргузор гардад. Ин дар ҳолест, ки то замони анҷоми ваколати намояндагони парлумон каме бештар аз як сол боқӣ монда, аҳзоби мухолиф мегӯянд, барои иштирок дар ин интихоботи миёндаврӣ чандон моил нестанд.
Ваколати Марҳабо Ҷабборова ба ҳайси вакили Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 26 ноябр расман қатъ шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)