Шарти сафири Русия барои иҷрои тарҳҳои нав дар Тоҷикистон
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Душанбе мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон чандин лоиҳаҳои гидроэнергетикиро барои татбиқ ба Русия пешниҳод кардааст, ки айни ҳол мавриди омӯзиш қарор дорад.
Фролов дар доираи мулоқоти сафирони Русия дар Тошканд, бо хабарнигорон суҳбат карда, изҳор доштааст, ки лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Тоҷикистон дарозмуҳлат буда, маблағҳои калонро талаб мекунанд.
Сафири Русия таъкид намудааст, ки татбиқи лоиҳаҳои нав дар Тоҷикистон аз чанд омил, аз ҷумла ҳалли масъалаи қарздории ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” вобаста мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки 75 дарсади саҳмияҳояш моли Русия буда, 15 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, ба далели мушкили молӣ аз қатъи фаъолияташ ҳушдор дод. Масъулини “Сангтӯда-1” бо пахши як иттилоия мегӯянд, Кумитаи андози Тоҷикистон 29 ноябр суратҳисобҳои бонкии нерӯгоҳро ҳабс карда, 4 декабр аз ин суратҳисобҳо 52 миллион сомонӣ қарзи андозро ба фоидаи давлат рӯёндааст. Мутасаддиёни нерӯгоҳ мегӯянд, сабаби асосии қарздорияшон дар он аст, ширкати “Барқи тоҷик”, ки харидори инҳисорӣ аст, ҳаққи барқи аз ин нерӯгоҳ гирифтаро саривақт пардохт намекунад. Ба иттилои нерӯгоҳ, ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 декабри соли равон 404 миллион сомониро ташкил медиҳад.