Сафорати Амрико сафари омӯзишии полиси ҷамъиятиро дар ИМА аз 14 то 24 июли соли 2011 дастгирӣ намуд.
Шонздаҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла ҳайати роҳбарикунандаи Раёсати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ ба Ню Йорк ва Массачусетс сафар карданд. Ин сафари омузишӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи ҳамкории полис ва ҷомеаи шӯъбаи мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи сафорати ИМА, ки аз тарафи ҶММ Эмерҷенс Груп (TEG) иҷро мешавад, ташкил карда шуда буд. Ҳангоми ташриф овардан ба Шуъбаи полиси ноҳияи Нассау иштирокчиён бо кор ва фаъолияти Лигаи амалиётҳои полис ва Академияи полис барои наврасон ва ҷавонон аз наздик шинос шуданд ва роҳҳои таҳкими эътимоди байни полис ва наврасону ҷавонон ва пешгирии ҷинояткориро дар он ҷо омӯхтанд. Ҳайати намояндагони милитсия ва ҷомеа инчунин дар патрули шабона иштирок намуданд, ба шуъбаи полиси минтақавӣ ташриф оварданд ва аз баромадҳои шӯъбаи кор бо ҷомеа дар бораи роҳҳои ҳамкории онҳо бо сармоядорони маҳаллӣ баҳри муайан намудани хатарҳои терроризм, васеъ намудани робитаҳо бо ҷомеа ва шабакаҳои иттилоотӣ баҳраманд шуданд.
Зимни боздид аз Кембриҷ ҳайати намояндагони милитсия дар патрули рузона иштирок намуданд, ба даъватҳои ба воситаи радио ҷавоб доданд ва дар машварати шӯъбаи таҳлили ҷиноятӣ иштирок карданд.Лаҳзаи хотирмони сафари омузишӣ он буд, ки ҳайати намояндагон имконияти ҳузур доштан ҳангоми намоиши эътирозии ҷамъиятиро доштанд. Аз масофаи амн намоишро мушоҳида карда иштирокчиёни сафари омузишӣ диданд, ки чӣ тавр полиси Кембриҷ бо истифодаи усулҳои пешқадами ҳамкории полис ва ҷомеа намоишгаронро идора мекарданд ва тартиби ҷамъиятиро таъмин менамуданд. Ҳукумати ИМА омода ҳаст, ки кӯмак ва дастгирии худро баҳри беҳтар намудани қудрати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон давом диҳад.
Аз соли 1992 Ҳукумати ИМА зиёда аз $984 миллион долларро барои барномаҳои кӯмакдиҳанда, ки соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятро беҳтар намуданд, ба болоравии иқтисодӣ мусоидат карданд, ба рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф кӯмак расониданд, таъмин кард.{jathumbnail off}