Фавти боз як ҷавони тоҷик дар сохтмони Сахалин
Нисфирӯзи 10-уми декабр дар Сахалини ҷанубӣ як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 8-уми бинои навбунёд ғалтида ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти тафтишотии Сахалини Ҷанубӣ мегӯянд, шаҳрванди Тоҷикистон дар ширкати сохтмонии “ПМК-2” кор мекардааст, ки ба бунёди биноҳои 9-ошёна машғул будаанд. Гуфта мешавад, сабаби асосии сар задани ҳодиса таъмин набудани шароити бехатарӣ дар майдони сохтмонӣ мебошад.
Мақомоти тафтишотӣ дар шарҳи ин ҳодиса таъкид мекунанд, ки айни ҳол таҳқиқи ҷузъиёти он идома дорад.