Ёрии Вазорати маориф ба омӯзгорони зиёндидаи Ваҳдат
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои гурӯҳе аз муаллимони шаҳри Ваҳдат, ки манзили истиқоматияшон дар пайи заминларзаи 10 ноябр вайрон шуда буд, ёрӣ фиристодааст. Ин кумак, ба гуфтаи Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф, аз 17 тонна маводи ғизоӣ иборат мебошад.
“Ёрии мо ба муаллимони шаҳри Ваҳдат, ки дар заминларзаи 10 нобяр зарар дидаанд, аз сабзавот, биринҷ, чой, шакар ва равған иборат буд. Ин кумакҳо алакай дастраси муаллимон шудааст”,-афзуд Шоев.
Заминларзаи харобиовар дар шаҳри Ваҳдат субҳи 10 ноябр рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи ин заминларза 104 хоҷагӣ пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дидаанд.