“Ал-Азҳар” аризаи истеъфои Юсуф Қарзовиро қабул кардааст
Шӯрои олии уламои маркази илмии “Ал-Азҳар” аризаи истеъфои донишманди маъруфи ҷаҳони Ислом Юсуф Қарзовиро баррасӣ кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, ҷаласаи ба ин мавзӯъбахшидашударо худи шайхи “Ал-Азҳар” Аҳмад Тайиб гардонандагӣ карда, аммо дар раъйдиҳӣ барои истеъфои Қарзовӣ ширкат накардааст.
Қаблан, хабар расид, ки Юсуф Қарзовӣ бо ирсоли аризае хостори қатъи фаъолияташ дар Шӯрои олии уламо шудааст. Қарзовӣ дар як баёния далели ин тасмимашро ба он рабт додааст, ки мехоҳад, мавқеаш ҳамчун донишманди мустақил маънидод шавад. "Ман ба хотири мардуми Миср Шӯроро тарк мекунам, на барои шайхе, ки “Ал-Азҳар”-ро соҳиб шудааст”, – гуфтааст ин донишманд.