Афзоиши ҷарима барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ
Дар Туркманистон аз аввали соли 2014 кодекси нави маъмурӣ ба иҷро даромада, ҳаҷми ҷарима барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро боло мебарад.
Тибқи иттилои расонаҳои туркманӣ, моддаи 79-и ин кодекс кашидани тамоку ва қалёнро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда, барои афроди саркаш аз ин қонун ба маблағи 35 доллари амрикоӣ ҷарима пешбинӣ мекунад.
Гуфта мешавад, аз ин ба баъд кашидани ҳар навъи тамоку дар корхонаҳои давлатию хусусӣ, донишгоҳу марокизи омӯзишӣ, театру кинотеатр, боғҳои фароғатӣ ва дохили нақлиётҳои мусофирбари Туркманистон манъ мебошад. Манбаъ мегӯяд, ҷаримаи пешбинишуда барои нақзкунандаҳои ин қонун нисбат ба қонуни амалкунандаи маъмурии феъли ҳудуди 10 доллари амрикоӣ зиёд шудааст.