Амалиёт алайҳи “хлопушка” 573805 дона маводи тарфгариро ошкор сохтааст
Кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар пайи як амалиёт аз як сокини Душанбе миқдори зиёди маводи тарфгарӣ ё пиротехникиро мусодира кардаанд.
Бино ба иттилои ВКД, зимни кофтукови шахсӣ аз борхалтаи Ҷумабек Хоркашови 20 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Репинаи шаҳри Душанбе 549805 дона маводи тарфгарӣ дарёфт шудааст. “Ҳамчунин, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Истаравшан бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи тарфгарӣ, Ҳомид Бурҳонов, соли таваллудаш 1980-ро дастгир кардаанд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсии боздоштшуда 24 000 дона маводи тарфгарӣ ёфт ва мусодира карда шуд”,-хабар медиҳад манбаъ.
Қаблан, Вазорати умури дохилӣ бо пахши як иттилоия изҳор дошт, ки аз бемасъулиятии бархе аз соҳибкорону савдогарон, дар арафаи Соли нави мелодӣ садои гӯшкаркунандаи “хлопушка”-ҳо боз ҳам оромии ҷомеаро халалдор сохта, мардумро дар ташвишу изтироб мемонад: “Бо дастури вазир Рамазон Раҳимов аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД нақшаи чорабинии махсус тарҳрезӣ ва тасдиқ карда шудааст, ки мувофиқи он кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамкорӣ бо нозирони минтақавии милитсия, намояндагони шуъбаҳои маориф, фарҳанг ва раиси шӯрои маҳалла дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ, бозору марказҳои савдо ва дӯкону нуқтаҳои хурди фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва рейдҳои муштарак мегузаронанд”.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)