Пешниҳод барои поин бурдани сину соли издивоҷ
Дар Қазоқистон бархе аз вакилони парлумон хостори поин бурдани сину соли издивоҷ то 14-солагӣ шудаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои қазоқӣ, рӯзи 10 декабр зимни як ҷаласаи парлумонӣ дар ин бора аз сӯи баъзе вакилони Қазоқистон пешниҳод шудааст.
Жуматай Алиев, намояндаи мардумии қазоқ бо ин пешниҳоди ҳамтоёни худ то ҷое розӣ буда, вале мегӯяд, пеш аз поин бурдани сину соли издивоҷ бояд таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин самт омӯхт. Алиев илова менамояд, ки яку якбора наметавон, сину соли ақди никоҳро то 14 поин бурд. Дар марҳалаи аввал бояд то 16 поин бурда шавад ва бо гузашти вақт дубора онро метавон ба 14 тағйир дод: “Агар яку якбора то 14 поин барему натиҷаи хуб надиҳад, пас дар ин сурат бо мо касе барои ин иқдом салом намекунад.”