"Ҷанг"-и занон дар қароргоҳи ҲСДТ: Махсус ё тасодуф?
Ҳумайрои БАХТИЁР
Агарчӣ мақомоти Тоҷикистон дар бораи эътирози як гурӯҳи 20-нафарӣ дар қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократ ва халалдор кардани нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров дар он ҷо ҳарфе нагуфтаанд, мухолифон онро як амали тарҳрезишуда медонанд.
Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, мегӯяд, эътирозгарон танҳо бо ҳадафи халалдор кардани нишасти хабарии ӯ вориди дафтари кориаш нашуда буданд: “Ин гурӯҳ мехостанд, ба эҳсосот дода шуда, даст бардорам. Ба ман ҳамҳизбиҳо гуфтанд, ки ду-се нафари онҳо миёни дафтару китоби худ корд ҳам доштаанд. Онҳо мехостанд, кор ранги дигар бигирад, задухӯрде ба амал ояд. Аммо мо ҳамаи суханҳои онҳоро хеле оромона қабул кардем.”
Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров
Раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва аз мухолифони ашаддии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ҳатто замоне ки аз дафтари кориаш берун омад, занон аз паси ӯ қадам монда, дашном медоданд. “Онҳо интизори он буданд, ки як ҷанҷоле ба вуқӯъ пайвандад”,-афзуд Зоиров. Раҳматилло Зоиров мутмаин аст, ки ин тазоҳурот сад дарсад аз тарафи мақомот тарҳрезӣ шуда, ҳукумати ноҳияи Сино барои сурат гирифтани он мусоидат намудааст. Дар робита ба шикоят бурдан ё набурданаш ба Вазорати умури дохилӣ, Зоиров гуфт, ҳоло тасмим нагирифтаааст ва эҳтимол шикоят набарад.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ҳам мегӯяд, ҲСДТ имкони шикоят бурдан ба мақомотро надорад. Зеро, ба қавли ӯ, аз хабарҳо бармеояд, ки ин гурӯҳ танҳо эътироз аз суханони Зоиров кардаанд, ки ин тибқи қонунгузории кишвар ҳаққи ҳар шаҳрванд аст: “Аммо ин ки занону мардон, умуман эътирозгарон, худро муаррифӣ накардаанд, ки шубҳаву баҳсҳоеро ба вуҷуд меорад. Ҳоло дақиқ кардани шахсияти ин ашхос мушкил хоҳад шуд.”
Ба назари ин таҳлилгари тоҷик, дар дафтари кории Зоиров тазоҳуроте рух додааст, ки ҳаққу ноҳақ будани он исботношаванда аст. Ин дар ҳолест, ки ба иддаои Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, эътироз дар дафтари кории Зоиров амали фармоишӣ ва паём ба ҳамаи мухолифон аст. Ба гуфтаи оқои Ҳайит, гурӯҳи мазкур бо дархости махсус даст ба ин тазоҳурот задаанд. “Ин паёми манфӣ барои тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад”,-илова намуд Маҳмадалӣ Ҳайит.
Субҳи рӯзи 10 декабр ҳангоме ки Раҳматилло Зоиров баъди бозгашт аз сафар ба Украина нишасти матбуотӣ доир менамуд, як гуруҳи 20-нафарӣ вориди дафтари кории ӯ шуда, шӯру мағал бардоштанд. Эътирозгарон дар даъвои худ бештар аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти намунавӣ ва мардумӣ ёд карда, мегуфтанд, Зоиров боиси норомии кишвар ва ҳамчунин омили аслии даргириҳои тобистони соли 2012 дар Бадахшон будааст.
Аммо талоши мо барои дарёфти мавқеи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи ин эътироз ва занону мардоне, ки алайҳи Зоиров шиор медоданд, бенатиҷа буд. Ҳарчанд гуфта мешавад, бархе аз эътирозгарон дар тазоҳуроти рӯзи панҷуми апрели соли ҷорӣ дар назди Сафорати Амрико дар Душанбе низ ҳузур дошта, алайҳи озодии Абдумалик Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳе дар Киев садо баланд карда буданд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)